Донишҷӯён аз Осиёи Марказӣ дархости иҷозаи вуруд ба Русияро доранд
Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Русия таҳсил мекунанд, бо ирсоли номаи боз ба ҳукумати Русия, дархост кардаанд, ки ба онҳо иҷозаи вуруд ба кишвар ва идомаи таҳсил дода шавад. Донишҷӯён дар нома навиштаанд, дарсҳои фосилавие, ки донишгоҳҳо пешниҳод мекунанд, ба талаботи таҳсил ҷавобгӯ нестанд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳанӯз дар оғози моҳи сентябр ваъда карда буд, ки "масъала дар фурсатҳои наздик ҳал мешавад". Аммо маҳдудиятҳои вобаста ба вабои коронавирус дар Русия дубора сахттар шуданд. Читать дальше...