Russian.city

160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас





Новости за 19.10.2020





Загрузка...

Новые комментарии




Ozodi.org 

COVID-19 ва Тоҷикистон: Пинҳонкории омори воқеӣ идома дорад  

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон кам ё беш аз 40 нафар ба COVID-19 гирифтор мешаванд ва аз 30-юми апрел то 17-уми октябр шумори фавтидаҳо 80 нафарро ташкил додааст.

Ozodi.org 

Дар Минск ҳазорон нафар бо талаби истеъфои Лукашенко дигарбора ба хиёбонҳо рехтанд

Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Белорус дигарбора ба хиёбонҳои шаҳри Минск рехтанд ва истеъфои Александр Лукашенкоро талаб карданд. Таҳдиди мақомот барои истифодаи аслиҳаи оташфишон ҳам монеи онҳо нашуд. Рӯзи панҷшанбе сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ва ришвахорӣ дар Белорус, тазоҳургаронро бандитҳо номид ва гуфт, ки "албатта мо ба зидди онҳо аз аслиҳа, аз ҷумла аслиҳаи оташфишон истифода мебарем ва ба шакли инсонӣ". Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки дар тазоҳурот 30 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Маъруф Рустамов: "Бовар доштем, ки Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорем". САДО

Маъруф Рустамов, мураббии калони дастаи "Равшан", рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳ ба финали Ҷоми Тоҷикистон душвор буд, аммо бовар доштанд, ки дар ин мусобиқаи пурнуфуз баранда мешаванд. “Барои ба финал баромадан мо бар дастаҳои «Ҳулбук»-и Восеъ, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пирӯз шудем. Бахусус баъди он ки дар чорякфинал дастаи пурқуввату номдори “Истиқлол”-ро шикаст додем, мо боварӣ ҳосил кардем, ки Ҷомро ба даст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бо вуҷуди таҳдид, тазоҳурот дар Белорус идома ёфт

Рӯзи якшанбе дар Минск дигарбора ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанду эътироз карданд. Мақомот аз мошинҳои низомиву обпош истифода карданд,вале аз фурӯ нишонидани тазоҳурот ва пароканда намудани эътирозгарон худдорӣ намуданд..

Ozodi.org 

Қаробоғи кӯҳӣ. Ҷанге бе пирӯз.

Арманистону Озарбойҷон ду дафъа аст, оташбас эълон мекунанд, вале яке мегӯяд, ки дигарӣ созишро риоят намекунад ва баръакс. Дар ин миён мардуми бегуноҳ талаф мешаванд.

Ozodi.org 

Боку ва Ереван якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд. ВИДЕО

Оташбаси нав ба хотири хатми низоъ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ зоҳиран таҳти хатар аст, чунки нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дигарбора якдигарро дар тирандозӣ гунаҳгор карданд. Қарор аст рӯзи 19-уми октябр дар як ҷаласаи машваратии пӯшида вазъи минтақа ба баррасӣ гирифта шавад. Аз ин пеш дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ҳамла ба мардуми мулкӣ дар ҷангҳои охирро маҳкум намуда, ҳарду ҷонибро ба риояи оташбас даъват кард.   Оташбас рӯзи 17-уми октябр эълон шуд ва ин дуюмин бор аст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мирзиёев ба як рӯзноманигори мунтақид хона тӯҳфа кард

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ, ки чанде пеш аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Тошканд истирдод шуд, аз номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карданд. Дар ин бора Абдуллоев дар саҳифаи Фейсбук рӯзи 18 октябр хабар дод. "Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ман хонаи нави сеҳуҷраӣ бо ҳамаи ҷиҳозаш дар маҷмаии истиқоматии "Green Park"-и шаҳри Тошканд тақдим кард. Мо рӯзи 5 октябр ба ин хона кӯчидем. Алҳамдулиллоҳ! Сипос ба президент Шавкат Мирзиёев! Читать дальше...

Ozodi.org 

Пешниҳоди ҷамъоварии маблағ аз мардум дар Қирғизистон барои пардохти қарзи Чин

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки барои пардохти қарзи давлатӣ аз Чин маъракаи ҷамъоварии маблағ аз сокинон роҳандозӣ шавад. Дар ин бора рӯзи 18 октябр вакили порлумони Қирғизистон Айнура Олтибоева хабар дод. "Мо шароит фароҳам меоварем, ки ин раванд шуруъ ва идома пайдо кунад. Ҳоло чорабиниҳои омодагӣ идома доранд, шароити таъсиси суратҳисоби бонкӣ ҳал шудааст. Баъди гуфтугӯ бо вазорати молия масъалаи кушодани суратҳисобро ҳал мекунем. Раванди ҷамъоварии маблағ шаффоф хоҳад буд", - гуфт Олтинбоева. Читать дальше...


Ozodi.org 

Варзишкорони қазоқ бинобар КОВИД-19 аз сафарҳои хориҷӣ маҳрум шуданд

Вазорати тандурустии Қазоқистон ба далели густариши   коронавирус варзишкорони кишварро аз сафар ба хориҷ маҳрум кард. "Дар робита ба болоравии омори беморӣ дар саросари дунё, бо ҳадафи назорати ҷиддии марзҳо ба варзишкорон иҷозат дода намешавад, ки дар мусобиқаҳо ширкат кунанд. Ҳамзамон парвозҳо бо Украина, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Олмон ва Белорус кам карда шаванд",-омадааст дар хабари Вазорати тандурустии Қазоқистон. Тими мунтахаби футболи Қазоқистон, бошгоҳи баскетболи "Остона" ва бошгоҳи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муаллифи смайлики "Чашмони Назарбоев" дар Алмато кушта шуд

Дар шаҳри Алмато Собит Сирахон (Bisen), тарроҳ ва муаллифи "смайлик" бо акси президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар натиҷаи латтукӯби шадид ҷон бохт. Дар ин бора дӯстони тарроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. "Ноодамон дӯсти маро зери мушту лагад қарор дода, ягон узвашро солим нагузоштаанд. Ӯро аз пойафзолҳояш шинохтем",-навиштааст рэпер Бекболат Кайдаров дар Инстаграм. Департаменти пулиси Алмато рӯзи душанбе хабар дод, ки дар робита ба куштори тарроҳ бародари дӯстдухтари Сирахон дастгир шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Кумитаи амнияти Қирғизистон 40 "шарик"-и Матраимовро муайян кардааст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, тафтиши парвандаи фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар аз сӯи муовини раиси пешини хадамот Райимбек Матраимов ва мансабдорони дигар идома дорад. Ба огаҳии кумита, тафтишот шахсияти 40 нафареро муайян кардааст, ки бо Матраимов робита ва дар нақшаи фасодкории ӯ даст доштаанд. "Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши ин шахсон маълум аст. Корҳо дар самти муайянсозии даст доштанашон дар нақшаи мазкури фасодкорӣ фаъолона идома доранд",-афзудааст кумита. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сафари Доктор Абдулло ба Эрон

Абдулло Абдулло, раҳбари ҳайати музокиротии Афғонистон рӯзи 18-уми октябр ба Эрони ҳамсоя сафар кард, то давоми се рӯз  бо мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва раҳбарияти гурӯҳи шӯришии Толибон идома дорад ва ҷонибҳо то ҳол дар масъалаи сохтори музокираҳое, ки ҳадафаш хатми ҷангҳои 19-солаи Афғонистон аст, ба мувофиқа даст наёфтаанд. Эрон бозигари муҳими минтақавӣ ба шумор меравад. Доктор Абдулло дар Твиттераш навишт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тадбирҳои бештари полиси Фаронса баъди қатли як омӯзгор

Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки баъди қатли як омӯзгори маҳаллӣ бо дасти як тундрави исломӣ  тадбирҳои бештари амниятиро рӯидаст гирифтааст. Омӯзгори таърих Самуэл Пати рӯзи 16-уми октябр дар беруни мактабе, ки кор мекард,  сар бурида шуд. Ин корро ҷавони 18-солае анҷом дод, ки дар паи таъқиби полис ба қатл расид. Ҳамлагар як ҷавон чечентабори дар Русия таваллудшуда буд, ки дар шаҳри Эврёи шимолуғарби Париж зиндагӣ мекард.  Исми ӯ аз ин пеш ба ходимони амният ошно набуд. Куштори омӯзгор мавриди эътирози... Читать дальше...

Ozodi.org 

Занозании дипломатҳои чиниву тайванӣ дар Фиҷи

Вазорати хориҷаи Тайван бо нашри изҳороте рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки дар маросими таҷлил аз Рӯзи миллии Тайван дар кишвари Фиҷи  миёни дипломатҳои чинӣ ва кормандони ҳукумати Тайван як занозанӣ рух дод. Ҷоанн Оу, сухангӯи вазорати хориҷаи Тайван дар як изҳороти хаттиаш гуфт, “вазорати хориҷа кори кормандони сафорати Чин дар Фиҷиро ба шиддат маҳкум мекунад, чун рафтори онҳо бо қонун ва меъёрҳои рафтори маданӣ дар ихтилоф аст”. Пекин дар талоши ин аст, ки ҳукуматҳои дигар кишварҳоро водор бикунад, ки аз Тайван дурӣ биҷӯянд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирози зидди маҳдудиятҳои марбут ба пандемия дар Прага

Маҳдудиятҳои нав дар паи нигаронӣ аз паҳншавии бештари коронавирус боиси як задухӯрди  ҳаводорони варзиш дар Прага ва полиси маҳаллӣ шуд. Рӯзи 18-уми октябр дар Прага 2 ҳазор ҳаводори футбол ва ҳоккей дар раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи ҷоришавии маҳдудиятҳои нави дуҳафтаинаи марбут ба пандемия ҷамъ шуданд. Маҳдудиятҳо маъракаҳои варзишии байналмилалиро сарфи назар мекунад. Дар маркази шаҳри Прага эътирозгарон ба сӯи полис шишаву дигар мавод партофтанд ва дар ниҳоят полис барои пароканда кардани эътирозгарон аз маркази шаҳр аз бобмаҳои дудзо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Аврупо омори марги инсонҳо аз COVID-19 аз 250 ҳазор гузашт

Рӯзи 18-уми октябр шумори афроди бар асари вируси нав даргузашта дар саросари Аврупо аз 250 ҳазор нафар гузашт. Дар ин қора дар ҳафтаҳои охир ҳодисаҳои ошкоршавии ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба вирус якбора афзоиш ёфтааст. Айни замон, дар Исроилу Австралия мақомот аз сабуктар шудани маҳдудиятҳо ва коҳиши суръати гирифторшавиҳои нав ба коронавирус хабар медиҳанд.  Дар Аврупо афзоиши ҳодисаҳои нави гирифторӣ дар як ҳафтаи охир 44 дарсадро ташкил дода, бархе кишварҳоро водор кардааст, ки маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Фақат мусибат дидам". Зане, ки бо се бародар издивоҷ кард ва онҳоро куштанд. ВИДЕО

Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти дурдасти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст. Шавҳарони Тоҷбибӣ, ки ҳарсе дар Артиши миллии Афғонистон хизмат мекарданд, дар ҷанг ба ҳалокат расидаанд.   Тоҷбибӣ се шавҳар кардааст ва ҳарсе дар ҷанги 19-солаи Афғонистон кушта шудаанд. "Ҳарсеашон шаҳид шуданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд

Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст.

Ozodi.org 

Халилзод гуфт, хушунатҳои идомаёбанда созиши сулҳро бо хатар рӯбарӯ мекунад

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки идомаи ҳамлаву хунрезӣ метавонад музокироти сулҳ дар кишварро аз роҳаш берун кунад. Ӯ дар ин бора баъд аз бомбгузории маргбор дар шаҳри Ғур суҳбат кард, ки дар натиҷаи он 14 нафар кушта шуданд. Айни замон намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар барои поён додан ба ҷанги 19-сола дар кишвар гуфтугӯ доранд. Залмай Халилзод дар Твиттер навишт, ки хушунат муддатҳои дароз афғонҳоро думболагирӣ кардааст ва фоҷиа дар Ғур... Читать дальше...

Ozodi.org 

Навалний гуфт, бо вуҷуди мухолифати мақомот, ба Русия бармегардад

Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия мегӯяд, ҳукумат ҳаматарафа саъй дорад, монеи бозгашташ ба Маскав шавад, вале бо ин вуҷуд  ӯ бархоҳад гашт. Алексей Навалний дар як суҳбате бо телевизиони Си Би Эс-и Амрико, ки рӯзи 18-уми октябр нашр шуд, гуфт, азм дорад, баъд аз чанд моҳ ба Русия баргардад ва кори нотамомашро идома бидиҳад. Ӯ дар шаҳри Берлин бо Си Би Эс суҳбат кардааст, ки онҷо баъди заҳролуд шуданаш аз моддаи кимиёвии кушанда аз гуруҳи "Новичок" муолиҷа мегирифт. Алексей Навалний, ки моҳи август дар дохили ҳавопаймо бемор шуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирозҳои Беларус бо вуҷуди таҳдид ба саркӯби хунин идома ёфт

Дар шаҳри Минск бо вуҷуди таҳдиди вазорати умури дохилӣ ба истифодаи нирӯи сангин алайҳи эътирозгарон даҳҳо ҳазор сокини Беларус бо талаби истеъфои Александр Лукашенко раҳпаймоӣ намуданд. Мақомот дар пойтахт мошинҳои низомиву обпошҳоро ҷойгир карданд, вале дар эътирозҳои 18-уми октябр боз ҳам полис аз истифодаи ин васоил барои пароканда кардани эътирозгарон худдорӣ намуд. Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи “Весна” гузориш дод, ки рӯзи якшанбе дар Минск дастикам 200 нафар ва дар шаҳрҳои дигар беш аз 30 нафар дастгир шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Оҳангсози тоҷик Диловари Зуҳуриён дар як садама даргузашт

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи тоҷик, дар пайи як садама, дар 46-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи дӯстони овозхон, мошини ӯ нимашаби 18-уми октябр дар шоҳроҳи Данғара – Ваҳдат ба мошини боркаш бархӯрда, садама кардааст. Оҳангсозро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"овардааанд. Ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, шоира ва таронанависи тоҷик, маросими видоъ бо оҳангсоз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара доир мешавад. Як манбаи дигар гуфт, Диловари Зуҳуриён як рӯз пеш аз ин фалокат, барои бори дуввум издивоҷ кардааст. Читать дальше...




Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России





Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа



Загрузка...






Новости России

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. Отели в Москве — здесь. Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.