ODIHR хулосаҳояшро дар бораи интихоботи Тоҷикистон баъди 8 ҳафта мегӯяд
Катя Андрутс, сухангӯйи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, ҳайати хурди коршиносони онҳо раванди интихоботи Тоҷикистонро танҳо дар Душанбе назорат карданд ва ба минтақаҳо сафар надоштанд. Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон якчанд шакли назорати интихоботҳоро дорад. Интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки дирӯз баргузор шуд, як гуруҳи хурди нозирон мушоҳида карданд. Читать дальше...