Дар Қазоқистон модарони серфарзанд аз ҳукумат кумак мехоҳанд
Чандин модари серфарзанд 20 октябр дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон гирди ҳам омада, аз давлат кумак хостанд. Ба гуфтаи занҳо, маҳдудиятҳое, ки дар робита ба пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ шудаанд, вазъи хонаводаҳои онҳоро боз ҳам мушкилтар сохтааст. Занон талош карданд, ба бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ворид шаванд, вале кормандони пулис пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Модари чаҳор фарзанд Акбаян Жалмирзоева мегӯяд, дар шаҳри Нурсултон дар хонаи якҳуҷрагие иҷоранишин асту моҳона 85 ҳазор танга (ҳудуди 200 доллар) медиҳад. Читать дальше...