Парвозҳои доимӣ аз Душанбе ба Истанбул ҳафтаи оянда оғоз мешавад
Мақомоти Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Истанбул иҷозат додаанд. Як мақоми ин ниҳод рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ширкатҳои "Turkish Airlines" ва "Сомон Эйр" иҷозат дода шудааст, ки дар як ҳафта як парвозӣ ба Истамбул анҷом диҳанд. Ба қавли манбаъ, ширкатҳо муваззаф шудаанд, ки парвозҳоро бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом диҳанд. Ширкатҳои "Туркиш Эйрлайн" ва "Сомон Эйр" то ҳол дар бораи нархи билетҳо ва рӯзи аввали парвоз расман шарҳе надодаанд. Читать дальше...