Дар Туркманистон дубора маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз коронавирусро ҷорӣ карданд. Бозорҳои либосфурӯшӣ, марказҳои тиҷорӣ, тарабхонаҳо ва мағозаҳо, ба истиснои мағозаҳои ғизо, аз рӯзи 15 январ баста шуданд.
"Барои ман ин тасмим ногаҳонӣ буд. Тарабхонаҳо барои баргузории маъракаҳо фармоиш гирифта буданд. Акнун баста шудаанд. Бархе аз огаҳон гуфтанд, ки ин марказҳо то моҳи феврал баста боқӣ мемонанд", - нақл кард як сокини шаҳри Ишқобод.
Бино ба иттилои манобеъ, дар шаҳри Ишқобод театру кинотеатр ва толорҳои консерт ҳам баста шудаанд. Читать дальше...