Сон Хин Мин, ҳамлагари 29-солаи бошгоҳи «Тоттенҳэм Хотспур»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2021, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sports Asia» таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буданд. Дар ин бора сомонаи «Fox Sports Asia» хабар додааст.
Сон Хин Мин 242 имтиёз гирифт. Ӯ барои панҷумин бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Сардор Озмун, ҳамлагари эронии бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербурги Русия, ки нисбат ба ғолиб 131 имтиёз камтар гирифт, мақоми дувумро касб намуд. Читать дальше...