"Насли Google". Номзади Иттифоқи ҷавонон мушаххас шуд. Шояд ҲХДТ Рустами Эмомалиро номзад кунад?
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Вакилони анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамон тавре шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд, дар тан аксаран либосҳои якхела Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд. Дар технологияи хабарсозии идеологҳои ҳукумат "либоси ягона" гӯё танҳо маънии ваҳдати зоҳириро надорад ва ин ба он маъно ҳам бояд фаҳмида шавад, ки ҳамаи ҷавонон аз пешниҳоди ин номзад ҷонибдоранд. Воқеан, то ин анҷуман фарзияҳое вуҷуд дошт... Читать дальше...