Наздиконаш мегӯянд, Асрориддин Розиқовро баъди се моҳи боздошт аз телевизион диданд
Пайвандони Асрориддин Розиқови 38-сола мегӯянд, ки пас аз се моҳи боздошт ӯро тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон диданд ва, ба иддаои онҳо, "ӯ зери фишор баёнот додааст". Вай писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст. Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябр дар филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади "Хиёнат" зоҳир шудааст. Читать дальше...