Мақомоти тоҷик фавти 61 нафарро аз коронавирус тасдиқ карданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 61 нафар расид. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми август хабар дод, ки дар як рӯзи охир 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирусро сабт кардаанд ва як нафар низ фавтидааст. Тоҷикистон охири моҳи апрел сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф кард. Читать дальше...