Созиши Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил барои оддисозии робитаҳои сиёсӣ бо якдигар, вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро дар пай дошт ва дар ҳоле, ки фаластиниҳо норизоятии худро нисбат ба он нишон доданд, Баҳрайн, Миср ва дабири кулли СММ аз он истиқбол кардаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 13-уми август хабари тавофуқ миёни ин ду кишвари Ховари Миёнаро эълом кард ва онро "таърихӣ" хонд. Бар асоси ин созиш, ки бо миёнаравии Вашингтон ба даст омадааст, ду кишвар дар самти "оддисозии комили робитаҳо" қадам бармедоранд. Читать дальше...