Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, номаи наздикони маҳбусонро таҳқиқ мекунанд
Идораи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, номаи хешовандони чанде аз маҳбусонеро, ки ба бовари онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, Додситонии кул таҳқиқ дорад. Нома охири моҳи июн ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шудааст.