Мақомот аз фавти як нафари дигар аз коронавирус хабар доданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта як нафари дигар аз бемории коронавирус фавтидааст. Ба ҳисоби расмӣ шумораи фавтидагон ба 57 нафар расид. Оморе, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди фавтидагон ба маротиб бештар аз ин аст. Дар изҳороти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзи гузашта 48 ҳолати нави гирифтории сокинон ба коронавирус сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишвар ба 6834 нафар расидааст... Читать дальше...