27 соли артиши Тоҷикистон: пешрафту чолишҳо
Рӯзи 23-юми феврал дар Тоҷикистон аз таъсиси артиши миллии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ба ин муносибат субҳи 21-уми феврал бо ширкати 8 ҳазор сарбозу афсарон дар Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид. Бо гузашти наздик ба се даҳсола аз таъсиси артиши миллӣ мақомоти давлат аз шаклгирии як артиши тавоно ва пешрафта ситоиш мекунанд, вале ҳамчунин интиқоду шикоят аз вазъу шароит дар артиш ва сатҳи касбии он садо медиҳад. Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...