Вайрон шудани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб ва интизории даҳҳо нафар
Як ҳавопаймои ширкати русии "Уралские авиалинии" ба сабаби вайрон шудани чархаш натавонистааст мусофиронро аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Маскав бибарад. Ин парвоз бояд соати 16:30-и рӯзи 8-уми феврал анҷом мешуд, аммо мусофирон ҳанӯз мунтазир нишастаанд. Яке аз мусофирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "намояндагони ширкат гуфтанд, ҳавопаймо вайрон шудааст ва бояд мутахассисон аз Душанбе омада, таъмир кунанд. Маълум нест, парвоз кай сурат мегирад." Ба қавли ӯ, намояндагони ширкат барои онки парвоз ба таъхир афтодааст... Читать дальше...