Суқути киштие дар Танзания беш аз 100 нафарро қурбон кард
Беш аз 100 нафар дар натиҷаи суқути паром, ё киштии мусофирбаре дар кули Викторияи Танзания ҳалок шуд. Ин охирин рақамҳоест, ки пулис рӯзи 21 сентябр пахш кард. Мақомот мегӯянд, эҳтимол теъдоди қурбониён бештар аз ин аст, зеро маълум нест, ки паром чӣ қадар мусофир дошт. Баъзе гузоришҳо теъдоди мусофиронро аз 200 то 300 нафар шумурдаанд. Амалиёти наҷот дар кули Виктория идома дорад. То ҳол 40 нафар аз об берун оварда шуд. Сабаби чаппа шудани паром дар наздикии истгоҳи соҳилӣ маълум нест. Дар... Читать дальше...