Саид Кангаронӣ, ҳунарпешаи маъруфи эронӣ дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Теҳрон даргузашт. Сабаби марги ҳунарпешаи маъруфро сакти қалбӣ мегӯянд. Саиди Кангарониро дар Тоҷикистон бо филми маъруфи “Дар имтидоди шаб” мешинохтанд.
Дориюш Раҷабиён, хабарнигори шабакаи Би-Би-Си, ки хабари даргузашти ҳурапешаро нашр кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, филме, ки бо намоиши саҳнаҳои бепардаву ошкори ишқбозӣ миёни қаҳрамони достон ва дилбохтаи ҷавони ӯ (Бобак) дар Эрони шаҳаншоҳӣ сарусадо бапо карда буд, дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёде ба бор овард. Читать дальше...