Президенти Ветнам баъди бемории шадид даргузашт
Куанг соли 2014 бидуни рақиб аз тарафи Ҳизби Коммунист ба мақоми президентӣ расид.
Вай дар асл рамзӣ ин мақомро дар ихтиёр дошт. Зимоми ҳукумат асосан дар дасти нахуствазир ва Ҳизби коммунист буд.
Қаблан Куанг дар мақоми вазири амният кор кардааст.