Ҷоми Осиё: Мунтахаби Ҷопон - дар чорякфинал
![Ҷоми Осиё: Мунтахаби Ҷопон - дар чорякфинал](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-68f7-08dc1a548523_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Ин ҳафтумин дастаест, ки ба чорякфинал баромад.