Талаби HRW аз Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январ
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Қазоқистон хостааст, ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ коршиносони байнулмилалиро роҳ бидиҳад. Изҳороти созмон пас аз мулоқоти роҳбараш Кеннет Рот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ нашр шуд.