"Марзи Тоҷикистону Афғонистон бастааст", вале барои гурезаҳои эҳтимолӣ паноҳгоҳ месозанд. ВИДЕО
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, барои паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ урдугоҳи вижа месозанд. Рустам Назарзода бунёди чанд паноҳгоҳи дигарро дар гӯшаҳои кишвар тасдиқ кард, аммо гуфт, барои шахсонест, ки аз офати табиӣ зиён дидаанд, на фирориён.