"Ба сафи камбизоатҳо дохил накарданд." Оилае бо се кӯдаки маълул имдод мехоҳад. ВИДЕО
Исломуддин Маҳмудов, падари се кӯдаки маълул дар шаҳри Турсунзода, мехоҳад, онҳоро табобат кунад, аммо ба гуфтаи худаш, ба танҳоӣ зӯраш намерасад. Эмомуддини 14-сола, Бибиоишаи 9-сола ва Бибисорои 4-сола аз фалаҷи модарзодии майнаи сар ранҷ мекашанд. Онҳо дуруст роҳ рафта ва гап зада наметавонанд.