Тоҷикистону Русия авфи муҳоҷирони рондашударо баррасӣ кардаанд
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон умедвор аст, ки ваъдаи авфи такрории муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия амалӣ мешавад. Масъулон гуфтанд ин масъаларо моҳи гузашта бо як гурӯҳи корӣ аз Русия баррасӣ карданд. Баъзе аз муҳоҷирони рондашуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ваъда бовар надоранд.