Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


Бархӯрди фарҳангҳо: Оё фарҳанги муосир бо суннатӣ созгор мешавад? ВИДЕО

Баъд аз як соли баҳсҳои доғ дар фазои расонаии Тоҷикистон дар мавриди наққошиҳои Маърифат Давлатова, ки дар онҳо бадани урёни духтарон тасвир шуда буд, дар Қирғизистон ҳам ин гуна ҷанҷол сар зад. Намоишгоҳи муосири “феминнал” бо ҳузури густардаи мардуми ҷанҷолофарин шуд.


Суннат ё навгароӣ?


Ҳафтаи дувум аст, ки Қирғизистон баҳсҳо перомуни ҳунари муосири “феминнал”(занона), ки дар оғози декабр дар осорхонаи ҳунарҳои зебои ба номи Ғаффор (Гапар) Айтиеви Бишкек баргузор шуд хомӯш намешаванд. Дар он асарҳои бештар аз 50 зани рассом аз 22 кишвари ҷаҳон, ки мавзуъоти таъсири нобаробарии иқтисодӣ, хушунати ҷинсӣ ва нонамоён будани кори занон матраҳ шуда буд, ба намоиш гузошта шуда буданд. Вале вокуниши аслиро амалкарди як ширкаткунанда аз Донморк ба бор овард, ки бо тани урён дар маърази боздидкунандагон худро қарор дод. Бо ин васила ин наққош мехоста, ки эътирози худро дар баробари баҳрабардории ҷинсӣ аз занон иброз кунад.  Вале ин гуна ҳунари эътирозӣ интиқодҳои шадидеро аз сӯйи табақаҳои гуногуни ҷомеа: аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта то парлумону ҳукумат ба бор овард. Ҷонибдорони “арзишҳои суннатӣ” аз шумули вакилон талаб карданд, ки созмондиҳандагони ин намоишро ба ҷавобгарӣ бикашанд ва вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов баъди дидор бо фаъолони норозӣ, тасмим гирифт, ки намоиш идома меёбад, вале бидуни баъзе нигораҳо.


Дар робита ба ин ҳаводис мудири Осорхона Мир Ҷангарчаев маҷбур шуд арзизаи истеъфояшро бинависад. Ӯ гуфт, ки аризаашро на зери фишори вазири фарҳанг, иттилоот ва матбуот, балки бо дар назар гирифтани амнияти кормандон ва созмондиҳандагони намоишгоҳ навиштааст, ки онҳо бо шумули худи Ҷангарчаева мавриди таҳдид қарор гирифтаанд.


Бо ҷонибдорӣ аз намоишгоҳ раисҷумҳури пешини Қирғизистон Роза Отумбаева изҳор дошт, ки “ин як намоишгоҳи одӣ, ҳушмандона ва фарогире буд”, ки мушкилоти муосири занони Қирғизистонро инъикос намуд.


Дар ҳамин ҳол, бархе аз фаъолон  ин гуна амалкардҳоро иғвое номиданд, ки мухолифи пояҳо ва суннатҳои миллӣ мебошанд.


«Ман ҳам мухолифи онҳоеам, ки дидгоҳҳои бунёдгароёнаи диниро пуштибонӣ мекунанд ва ҳам онҳое, ки либоси таҳпӯши худро дар осорхонаи ҳунарҳои зебо меовезанд. Маълум аст, ки мо дар давлати декмократӣ зиндагӣ мекунем. Аммо ин ба он маъно нест, ки мо ҳуқуқи пайравони дин ва ё ҳомиёни ҳуқуқҳои худро  бо роҳи овехтани либоси таҳпӯш болотар аз манофеи миллӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои худ қарор бидиҳем”,--гуфт дар суҳбат бо Радиои «Азаттик»  рӯзноманигор Қанишой Мамурқулова.


Дар навбати худ фаъоли дигар Акжибой Бейшебаева дар сутуни худ барои “Азаттик” навишта, ки “тани урёни рассом дар ҳеч сурат нақзи суннатҳои қирғизӣ нест”.


“Санъат набояд марзбандӣ шавад. Ҳунар яке аз василаҳои муассиртарин барои ифодаи худ аст. Дар лаҳзаҳои мушкил, замоне ҷомеа ранҷ мебарад ҳунар аст, ки эътироз мекунад ва ҷомеаро ба сӯйи тағйирот мебарад”, - навиштааст Бейшебаева.




Ғаризаи худмуҳофизатӣ ё дарк накардани ҳунар?


Мудири иҷроияи бунёди “Ташаббусҳои Роза Отунбоева” Догдургул Кендирбоева, зимни ибрози назар дар мавриди вокуниши ҷомеаи Қирғизистон дар баробари намоишгоҳ гуфт, ки ин нишондиҳандаи коҳиш ёфтани сатҳи огоҳӣ ва фарҳанг дар ҷомеа аст.


“Амалкард (перформанс) ифодакунандаи мавқеъ дар баробари кадом як ҳодиса аст, яъне ин талоши муттаҳайир кардани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба он мавзуъ аст. Ва амалкарди наққошони донморкӣ, дар воқеъ чунин вокунишро ба бор овард. Вале аксари шаҳрвандони мо инро дарк накарданд”,-- таъкид кард Кендирбоева.


Мухолифати тарафҳо, ҳарчанд хеле фаъолмандонатар аст, вале дар ҳар сурат ҳодисаи соли гузаштаро ба хотир меоварад, ки дар мавриди намоиши асарҳои рассоми ҷавони тоҷик Маърифат Давлатова рух дод. Маърифат бо расмҳои худ, ки дар онҳо бадани нимаурёни зан тасвир шуда буд, хост дар баробари амалакардҳои тавҳиномез нисбат ба занон ва нобаробариҳо дар ҷомеаиТоҷикистон эътироз кунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон асарҳои наққошро “туф кардан ба арзишҳои миллӣ ва диннӣ” номида буданд. Аммо буданд онҳое, ки аз ӯ пуштибонӣ кардаанд ва ҳунари ӯро “талоши шикастани қолабҳо” номгузорӣ карданд. Худи Маърифат изҳор дошта буд, ки баъди намоишгоҳ даҳҳо паёми таҳдид гирифта буд.


Видео дар бораи Маърифат Давлатова




Ҷонибдорони рассом он замон хабардор карда буданд, ки ин гуна вокунишҳо ба эҷодиёти ӯ хатари худсонсурӣ дорад ва таъсири манфие дар маҷмӯъ ба ҳунар дар кишвар мегузорад.


Коршиносон мегӯянд, фарҳанги мудерн, ба вижа бахше, ки орӣ аз тобугузориҳои ҷинсӣ нест, ба таври табиӣ, маъмулан боиси нофаҳмиҳо дар ҷомеаҳои муҳофизакор мешавад, вале дар ҳар сурат маънои фарогире дорад.


«Дар бораи мушкилоте, ки инсониат бо онҳо рӯ ба рӯ шуда хеле бисёр  гуфта ва ё навишта мешавад, ҳатто мо ба ёддоварӣ аз онҳо одат кардаем, аммо вақте шумо ба намоишгоҳ меравед ва ё тасвирҳоро дар кино мебинед, дарк мекунед, ки наққош метавонад тамоми моҳиятро бирасонад», - мегӯяд фарҳангшинос Ирина Сой.


 «Ҷаҳиши бузурге ба муҳофизакорӣ»


Бо вуҷуди ин ҳама, ҷомеаи Тоҷикистон дар чунин мавзуъот ба худсонсурӣ  бартарӣ медиҳад. Боз шудани омӯзиши ислом дар солҳои 90-ум, сатҳи баланди шаҳрнишин шудан ва коҳиши сатҳи таҳсилоту огоҳӣ, ҳиҷрат кардани бахше аз мардумони шаҳриро коршиносон аз омлҳои мухолифат миёни суннат ва навгароӣ медонанд.


«Таъодули мавҷуд бо дидгоҳҳои радикалӣ ба ин ё он васила суст мешавад, ёдгориҳои фарҳангӣ аз нигоҳи моддӣ нобуд мешаванд, ва бахши умдае аз мардум дар зеҳн тағйир намекунанд»,-- мегӯяд коршинос Зулайхо Усмонова. 


Чунин баҳогузориро ҷомеашинос Алла Қувватова ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки бо шароити мавҷуд дар Тоҷикистон дидгоҳҳои муҳофизакорона бештар ба унсурҳои муосири пасонавгароӣ ҳоким хоҳанд шуд.


«Дар мо ҳеч чизи наве офрида нашудааст, таҷрибаи дирӯз маънидор нест ва тавозуни неруҳо ба нафъи ҷомеаи суннатист»,-- мегӯяд фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ.


Ӯ мегӯяд, ки сабагори пешрафт як баррасии муҳим дар бораи он чӣ ки дирӯз анҷом дода шуд, ислоҳи иштибоҳот ва боз кардани муваффақиятҳои нав аст, на ин ё он самти фарҳанг.


Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи фарҳангшинос Ирина Сой  набояд фарҳанги суннатӣ ва муосирро дар муқобили ҳам қарор дод ва вазъро шадидтар кард.


“Сарфи назар аз ин воқеият, ки суннат моро бо нахи сурхе ба гузашта васл мекунад, вале он ҳам дар заминаи навоварӣ офарида шуда буд. Ин порчаи печидае аст, ки бофта мешавад ва берун кашидани торе бидуни осеб расонидан ба бақияи порча номумкин аст”, -- шарҳ медиҳад коршинос.

Загрузка...

Загрузка...

Читайте на сайте

Другие проекты от 123ru.net








































Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net