Полиси Маскав: ҷинояткории хориҷиҳо коҳиш ёфтааст
Мавзӯи ҷинояткорӣ дар миёни хориҷиҳо яке аз масоилест, ки пайваста мавриди истифодаи афрод ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар Русия қарор мегирад. Дар гузашта таҳлилгарон гуфтаанд, дар ҳоле, ки мизони ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиҳо содиршуда дар қиёс бо қонуншиканиҳое, ки худи шаҳрвандони Русия содир кардаанд, ба маротиб камтар аст, дар ҳолатҳои зарурӣ давлатмардони рус омори ҷиноятҳоро барои фишороварӣ ба кишвари ҳамкор истифода мекунанд. Аз сӯи дигар, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳодисаҳои бепояву асос дар ҷиноят муттаҳам шудани муҳоҷирон дар Русия кам нест ва омори ҷиноятҳои муҳоҷирон баёнгари вазъи воқеии ҷинояткорӣ буда наметавонад.