Сенати ИМА куштори арманиҳоро "наслкушӣ" эътироф кард
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар вокуниши худ тавассути Твиттер гуфт, ки «аз номи тамоми арманиҳо дар ҷаҳон ба Сенат барои қабули чунин як муқаррароти муҳим ташаккур баён мекунам”. Охири моҳи октябр Маҷлиси намояндагон қатъномаи худро дар ин замина қабул кард. Дар вокуниш ба ин ду қатънома намояндаи дастгоҳи президенти Туркия Фахриддин Алтун гуфт, “ин иқдомҳои бемасъулият ва носозор” мебошанд ва “ба равобити ду кишвар таъсири харобиовари дарозмуддат мерасонад”.