Оҷонсии парвозҳои ҳавоии ИМА НАСА гуфт, ки 19-уми апрел нахустин бор як роботи чархболи хурде ба сатҳи сайёраи Миррих баланд шуд ва дар сатҳи он парвози идорашаванда анҷом дод. Мудири тарҳ Мими Аунг гуфт, “акнун мешавад гуфт, ки инсон дар рӯи чархбол дар сайёраи дигар ҳам парвоз анҷом дод”. Намоиши ин саҳнаро НАСА тавассути YouTube ба роҳ монд:
Нозирони парвоз дар Калифорния тасдиқ карданд, ки чархболи хурди Ingenuity бо вазни 1,8 кг тавассути миррихгарди Perseverance, ки аз фосилаи 65 метр назорат мекард, парвози кӯтоҳмуддате анҷом дод. Читать дальше...