Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе аз Узбекистон ва Қирғизистон
Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 17-уми апрел дар Душанбе доир гардад, бо пирӯзии давандаҳо аз Узбекистон ва Қирғизистон ба анҷом расид. Дар ин бора сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Душанбе хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ниммарафони байналмилалӣ баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир шуд. Читать дальше...