Путин бо Алиев ва Пашинян дар масъалаи Қарабоғ суҳбат мекунад
Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду моҳ пас аз тавофуқи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон, ки ба ҷанг бар сари Қарабоғи Куҳи поён дод, Владимир Путин бо роҳбарони ду кишвари мавриди назар дидор мекунад. Ба иттилои Кремл, дидори Путин бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи душанбеи 11-уми январ дар Маскав баргузор мешавад. Дар иттилоияи Кремлин гуфта мешавад, ки Владимир Путин ба таври ҷудогона бо роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дидор хоҳад кард. Читать дальше...