Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ ду додраси занро дар шаҳри Кобул куштаанд, ки идомаи занҷираи қатли ҳадафмандона дар Афғонистон аст. Дар чанд моҳи гузашта, хабарнигорону, ҳомиёни ҳуқуқи занон, чеҳраҳои фарҳангӣ ва руҳониёни муътадил дар чунин ҳамлаҳо ҷон додаанд.
Аҳмадфаҳим Қавим, сухангӯи Додгоҳи Олӣ гуфт, ҳарду додрасро, ки бо мошин ба ҷойи корашон мерафтанд, шахсони ношинос субҳи рӯзи 17-уми январ тирборон кардаанд. Пулиси Кобул вуқуи ҳодисаро тасдиқ кард. Аҳмадфаҳим Қавим гуфт, ки ҳарду зан дар Додгоҳи Олӣ кор мекарданд... Читать дальше...