Гумонбари асосӣ дар куштори Жанболат Оғодил гуноҳро ба гардан намегирад
Гумонбари асосӣ дар куштори Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ мегӯяд, касеро накуштааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи вакилони дифоъ, дар парвандаи куштори Оғодил аллакай як қатор қонуншиканиҳо ба назар мерасад. Видеои бозпурсии гумонбар Омирҷон Раҳмат дар Интернет нашр шуд. Омирҷон Раҳмат дар ин навор, ки дар шуъбаи пулис сабт шудааст, мегӯяд, барои чи дар маҳалли ҷиноят ҳузур дошт. Вакили дифои Раҳмат - Жандос Туяков гуфт, шахси зери ҳимояаш иттиҳомро рад мекунад. Читать дальше...