Максим Галкин ТВ-ҳои Русия ва Путинро масхара кард
Ҳунарманди рус Максим Галкин дар як консерт дар шаҳри Новосибирск гуфт, дар телевизионҳои Русия замони шӯравӣ ба "бадтарин маънояш" баргаштааст ва Путин, ки "дар фикраш Марсро фатҳ дорад", бо русҳо "дилтанг" шудааст. Видеои баромади Галкин ҳанӯз 3 октябри соли равон ба Ютуб роҳ ёфта аст, вале расонаҳо танҳо ҳоло ба он таваҷҷуҳ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, то ҳол онро ним миллион нафар тамошо кардааст. "Агар ба вазъи телевизионҳо назар кунем, дар мо замони шӯравӣ баргаштааст. Зеро ба мо имкон намедиҳанд, ки майнаро об кунем. Читать дальше...