Даргузашти халабони рус ҳангоми парвоз аз Маскав
Хабаргузории ТАСС-и Русия мегӯяд, халабони дуввуми ҳавопаймои хатсайри Маскав-Анапа ҳангоми парвоз даргузаштааст. Ҳавопаймои ширкати Аэрофлот соати 8:20 аз Маскав бархостааст, вале тақрибан якуним соат пас вазъи сиҳатии халабон бад шуда ва ҳавопаймо ҳам маҷбур шудааст, фуруд ояд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, халабони 51-сола зоҳиран бар асари сактаи дил ва ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо вафот кардааст. Теъдоди мусофирони ҳавопайморо нагуфтаанд, вале дар хабар омадааст, ки ҳавопаймо дигарбора ҳаракаташро ба Анапа идома дод.