Омбудсмени Қирғизистон: мактаби "контейнерӣ" ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест
Намояндагони Омбудсмени Қирғизистон бо шароити таҳсили хонандагони деҳаи Кенеши вилояти Норин ошно шуданд, ки ба далели садамавӣ будани бинои мактабашон дар контейнерҳо дарс мехонанд. Ба гуфтаи онҳо, шароити таҳсили хонандагони мазкур ба талаботи меъёрҳои раванди омӯзиш ҷавобгӯ набуда, бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, саломатӣ ва бехатарии шахсӣ аст. "Контейнерҳо наметавонанд ҷои синфхонаҳоро иваз кунанд. Дар як контейнер танҳо 15-16 хонандаи синфҳои ибтидоӣ метавонанд ҷойгир шаванд... Читать дальше...