Қатар ба ҷойи Русия? Ҳосили ками талошҳо барои тағйири самти муҳоҷирати корӣ
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир мунтазам талош дорад, ки раванди муҳоҷиратро аз Русия ба кишварҳои дигар тағйир бидиҳад, вале ба гуфтаи нозирон ба муваффақияти қобили мулоҳизае ноил нашудааст. Дар оғози сентябр дар шаҳри Давҳа сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзод бо Юсуф Муҳаммад ал-Усмон Фахру - вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар мулоқот кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо роҳҳои иҷрои созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди танзими қувваи кориро, ки моҳи феврал ба имзо расид, баррасӣ карданд. Читать дальше...