Додхоҳии волидони панҷ муттаҳам ба ошӯб аз Омбудсмен. ВИДЕО
Наздикони панҷ нафар аз маҳкумшудагон бо ҷурми даст доштан дар ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд аз шиканҷа шудани пайвандони худ ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят кардаанд. Онҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хостаанд, ки фарзандонашонро аз наздик дида, ба мушкилашон расидагӣ кунад. Волидони Фарҳод Содиқов, Нусратулло Қодиров, Далер Бобоев, Сафрониддин Шомуродов ва Алишер Ҳамидов бовар доранд, ки фарзандонашон "зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд". Пештар мақомот ҳамагуна шиканҷа ва латту кӯби муттаҳамонро рад карда буданд. Читать дальше...