Мансур ваъда дод, ки як суруди тоҷикӣ мехонад. ВИДЕО
Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати вижа кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардааст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.