Украина калисои мустақил ва ҷудо аз Русия таъсис медиҳад
Шӯрои калисоҳои Украина рӯзи 15-уми декабр қарор кард, ки калисои ҷомеа ягона ва ҷудо аз Калисои православии Русия таъсис диҳад. Дар ҷаласаи шӯрои калисоҳо Украина, сиёсатмадорон, руҳониён ва тарафдорони таъсиси Калисои мустақил аз ҷумла раиси ҷумҳур Петро Порошенко суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин рӯз дар таърихи Украина ҳамчун рӯзи таъсиси Калисои мустақил боқӣ мемонад ва «Чун рӯзе, ки дар ниҳоят мо истиқлоли худро аз Русия мегирем». Калисои Украина то кунун ба Калисои православии Русия итоат мекард. Читать дальше...