"Сад ранги чакан"-ро ба Душанбе оварданд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангии таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор шуд. Ҳукумати шаҳр рӯзи 15-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки маҳфил ҳамин рӯз дар толори Филармонияи давлатӣ ва ба муносибати чун мероси фарҳангии ғайримоддӣ эътироф шудани гулдӯзии тоҷикӣ дар ЮНЕСКО, Муассисаи Илм ва Фарҳанги Созмони Милал сурат гирифт.
Дар баёния омадааст, ки “Мақсад аз баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фар ҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад.” Дар ин маҳфил мақомоти расмӣ ва аҳли зиёву ҳунар ширкат кардаанд. Қабл аз оғози маҳфил иштирокчиёни чорабинӣ намоишгоҳи ҳунари чаканро тамошо кардаанд.
Дар намоишгоҳ “намунаҳои гуногуни чакан ва лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайрӣ, ислимӣ, каҷак, тоҷихурӯс, булбул, думи товус, морпечон, моҳу ситора, пойи гунҷишк ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.”
Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, «чакан» - и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.