Дар Тоҷикистон қонуни ҳифзи маълумоти шахсиро таҳия карданд
Вакилони Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – тарҳи қонуни нав “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”-ро дуруст кардаанд. Бино ба ин қонун, ба гурӯҳи маълумоти дорои хусусияти маҳрамона – гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ, фош кардани маълумот дар бораи бемории инсон, ҳаёти хусусиву оилавиаш шомил мешавад. “Маълумоти шахсии инсон иттилоъ дар бораи ному насаб, ҷои таваллуд, маҳалли зист, шумораи фарзандон, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои физиологӣ ва биологиро дар бар мегирад”, - гуфта шудааст дар тарҳи қонун. Читать дальше...