Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар ноҳияи Якуми октябри ин кишвар фаъолияти студияеро ошкор кард, ки бо таҳия ва фурӯши маводи порнографӣ машғул буда, зиёда аз 30 донишҷӯдухтарро ба кори худ ҷалб намудааст.
"Дар студия духтарон ҳамчун веб-модел фаъолият мекарданд. Веб-моделҳо ба воситаи Интернет бо муштариён суҳбатҳои видеоӣ анҷом дода, дар ивази маблағ хостаҳои онҳоро иҷро менамудаанд. Дар ин студия духтарон дар чанд баст кор карда, барои амалҳояшон маблағ мегирифтаанд", - омадааст дар иттилоияи пулис, ки рӯзи 4 май пахш шуд. Читать дальше...