Муроҷиати президент баъди ишғоли бинои RTS аз сӯи эътирозгарон
Интизор меравад, Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, ба мардуми кишвараш муроҷиати телевизионӣ кунад. Ҳукумати Сербистон гуфт, ин суханронӣ нимирӯзи 17-уми март сурат хоҳад гирифт.
Шоми 16-уми март дар Белград, маркази Сербистон ва, инчунин, шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.
Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд вақт пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шудаанд.
Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба пӯшиши якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.