Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Як нафар захмист
Дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи ҳафтуми май тирпаронӣ шудааст. Як нафар захмист. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодиса пас аз он рух дод, ки “чӯпонҳои тоҷик” ба ҳудуди он кишвар даромаданд. Раиси як деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, баръакс, ҳодиса дар қаламрави Тоҷикистон рӯй дод.