Бонувони наққоши тоҷик ҳунарашонро нишон доданд
![Бонувони наққоши тоҷик ҳунарашонро нишон доданд](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-e46a-08dc64657738_tv_w800_h450.jpg)
Дар Душанбе наққошиҳои 50 бонуи тоҷикро дар намоишгоҳе ба тамошо гузоштанд. Мавзӯи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар оилаву ҷомеа меҳвари эҷодиёти бисёре аз онҳо аст. Вале онгуна, ки мунтақидон мегӯянд, симои зан дар наққошӣ бештар бо фазои хонаву русто маҳдуд мешавад ва паёмҳои иҷтимоие надорад.