8,5 сол. Додгоҳи Душанбе ҳукми Чоршанбе Чоршанбиевро бетағйир гузошт
Додгоҳи Душанбе ҳукми зиндони Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехтаро бетағйир гузошт. Ду моҳ пеш Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ба гуноҳи "даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард. Чоршанбиев ва вакилони мудофеаш ҳукмро "беасос ва ғайриқонунӣ” медонанд.