Додгоҳ парвандаи Азимҷон Аскаровро дубора бозбинӣ мекунад
Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро ба далели ошкор шудани ҳолатҳои нав дубора бозбинӣ мекунад. Ҷаласаи нахустин рӯзи 25-уми феврал таъйин шудааст. Дар ин бора Толекан Исмоилов, роҳбари созмони ҷамъиятии "Бир дуйно Қирғизистон" хабар дод.
Маркази матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон низ хабари бозбинии парвандаи мазкурро тасдиқ карда буд. Додгоҳи ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон ҳамаи маводи парвандаи Аскаровро ба зинаҳои болоии додгоҳӣ ирсол кардааст.
Қирғизистон 21-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон ҳисобот дод ва аз аъзои дигари СММ пешниҳод гирифт. Намояндаи Ирландия аз Қирғизистон хост, ки ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро озод кунад.
Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.
Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.
Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30-юми июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.