Озодӣ Онлайн: "Шаҳрванди одӣ депутат шуда метавонад, аммо президент не?"
Видеои боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик, ки боиси эътирози дигар муҳоҷирон шуд, барфбории шадид дар Мурманск, зиндагии як ҷонвари аҷиб дар Тоҷикистон, мавзуи интихоботи порлумони ва президентӣ дар Тоҷикистон аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзи мост.
Корбаре аз шаҳри Краснодар ба мо видеои лаҳзаи боздошти як муҳоҷири тоҷикро фиристод. Ӯ мегӯяд, ҷавони муҳоҷир мушкили сиҳатӣ доштааст ва кормандони пулис барои гуё итоат накардан ду зарба ба элетрошокер мезананд. Бемории саръ ё худ припадкаии ҷавон авҷ мегирад ва рӯи роҳ меафтад. Муҳоҷирон ба боздошти ӯ эътироз мекунанд.
Баъдан, ёрии таъҷилӣ даъват шуда, ҷавони муҳоҷир ба беморхона интиқол ёфт.
Мақомоти пулиси шаҳри Краснодар гуфтаанд, ки ин ҷавон ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебурд ва ва рӯзи 29-уми октябр ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Муҳоҷири дигари тоҷик ба мо видеои барфбории шадид аз Мурманскро фиристодааст. Ӯ гуфтааст, ки субҳи рузи 29 октябр 10 сантиметр дар ин шаҳр барф борид ва акнун, кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик сахттар мешавад.
Видеои дигар дар бораи зиндагии як ҷонвари нодир аз Тоҷикистон ҳаст, ки дар охири барнома мебинем, вале то он дам вокунишҳои корбаронро ба мавзуи интихоботи порлумонии Тоҷикистон меорем. Хобҳои сиёсии пеш аз интихоботи соли 2020 ва ин ки соли оянда чеҳраҳо барои номзад ба вакилӣ нав мешаванд ё бетағйир мемонанд, мавзуе буд, ки дар сомонаи Радиои баҳси зиёд овард. Амирҷон Аминҷонӣ, як корбари фейсбукии мо навиштааст, ки “шаҳрванди оди депутат шуда метавонад, аммо шаҳрванди оди ва гайри оди президент шуда наметавонад».
Соли 2020 дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳими сиёсӣ аст. Баҳори соли оянда интихоботӣ порлумонӣ ва тирамоҳ интихоботи президентӣ. Шарифзода Додар, дар саҳифаи фейсбуки мо навиштааст, ки «чӣ лозиманд хамин депутатхо???Бигзор хамашонро чавоб диханду маоши онхоро ба маориф диханд».
Аз 63 курсӣ, аксари курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ дар даст дорад.
Беном дар шарҳе дар вебсайти мо навиштааст, ки “хизби халки-демократи монанди партияи ҳизби комунистии замони шӯравӣ шудааст».
Ӯ гуфтааст, «биёед дар хамин интихобот иштирок накунем ва худро бекадр накунем. Чун ки иштироки мо шахрвандони ЧТ дар интихобот хеч накши халкунандае надорад».
Хакикат дар тақвияти гапи Беном гуфтааст, “раиси нохия ба мудири маъориф мефахмонад, ки муаллимон ба ки бояд овоз диханд ва мудири маъориф ба директори мактаб супориш медихад ва мудири мактаб бошад болои сари хар як муаллим истода мегуяд ба ки овоз дихад».
Беном ин гуфтаҳоро рад кардааст ва навиштааст, ки интихобот “бехаминхам одилона гузашта истодааст, аммо мардум худ ба намояндахои хизби хоким бештар оваз медиханд. ин як чизи маьмулист бовар кунед.
Таҳлилгар гуфтааст, интихоботи навбатӣаз “Интихоботи пешина аз инаш ба кулли фарк мекунад. Шумо хеч вакт ноумед нашавед, чунки сол ба сол мардум босаводу нотарсу бочуръат шудаанду назари худро нисбат ба ин ва ё он карору конун гуфта истодаанд”.
Дар охир видеои ваъдагӣ аз Тоҷикистон, дар бораи бабри барфӣ дорем. Саршумори он дар Тоҷикситон ба 300 адад расидааст. Ӯ ба молу чорвои сокинон дар бадахшон ҳамла мекунад, вале ба сокинон таъсид шудааст, ки аз куштанаш парҳез кунанд, чун ҷонвари нодир аст ва дар китоби Сурх ҷой дода шудааст.
Шумо ҳам фиристодани видеоҳои ҷолиб ва шарҳҳои худро фаромӯш накунед. Ба рақамҳое ки мебинед. То барномаи дигар, Худо нигаҳдор!