Баъди занозании қирғизистониҳо дар Русия 12 парванда боз шуд
Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Русия ҳодисаи занозании гуруҳии зодагони Қирғизистонро дар шаҳри Новосибири Русия таҳқиқ карданд.
Мақомоти Русия дар пайи ин занозанӣ бо моддаҳои "авбошӣ" ва "тамаъҷӯӣ" парванда боз намуда ва зодаи Қирғизистон, соли таваллудаш 1988 ва сокини Новосибир, соли таваллудаш 1990-ро боздошт кардаанд.
Ҳамчунин бештар аз 100 корманди бозори Новосибир аз сӯи мақомот бозпурсӣ шуда, дар натиҷа 12 парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. 10 тан аз аъзои гуруҳи ҷиноӣ шиносоӣ шудаанд, ки ҳамаи онҳо зодагони вилояти Ӯши Қирғизистон ҳастанд.
Дар шаҳри Новосибири Русия рӯзи 7 октябр занозании оммавӣ рух дод. Мақомот 50 танро боздошт карданд. Дар ин занозанӣ дар маҷмуъ то 200 кас ширкат кардааст. Шоҳидон гуфтанд, ин занозанӣ дар наздикии бозори Хилок рух дод.
Баъдтар фурӯшандаҳои бозор, ки миёнашон шаҳрвандони Қирғизистон низ ҳастанд, гуфтанд, давоми чанд соли охир гуруҳи ҷинояткоре бо роҳҳои тамаъҷӯӣ аз онҳо маблағ меситониданд.