Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Чин 5 медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 16-18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор шуд, панҷ медал (ду тило, ду нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Аввалин медали тилоро дар қаҳрамонии Осиё дар Ордос Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило соҳиб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Муғулистон Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ бар намояндаи мизбон Хуэ Зиянг ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бар ҳамватани худ Обид Ҷебов дастболо шуда, соҳиби медали тило гашт. Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Обид дар роҳ ба финал Ри Кум Сонгро аз Кореяи Шимолӣ, Зардии Казирбекро аз Муғулистон ва Kим Чаннйонгро аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб кард.

Ин аввалин медали тило дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз Комроншоҳи Устопириён, ки ду бор дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст, дуюмин шуда аз Тоҷикистон дар ин риштаи олимпии варзиш медали тило ба даст овард.

Медали дуюми тилоро дар қаҳрамонии Осиё дар Ордос Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило гирифт. Ӯ ба сабқат аз даври дуюм пардохт. Паҳлавони ҷавони тоҷик Нурмуҳаммад Бакирдиновро аз Қирғизистон шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Сок Бом Но аз Кореяи Шимолӣ ва дар даври ниманиҳоӣ бар Эункюл Ли аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, дар финал Маҳмадбек Маҳмадбековро аз Имороти Муттаҳидви Арабӣ мағлуб кард ва бори аввал ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ин медали чаҳоруми Тоҷикистон дар таърихи қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад.

Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ба гирифтани медали нуқра ноил шуд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Шинебайар Оюнчимеги муғулро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Гаджидовуд Гасанови баҳрайнӣ дастболо шуд. Сомон дар марҳилаи ниманиҳоӣ намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Гаджимурод Умаровро шикаст дода, дар финал аз Адилет Алмати қазоқ мағлуб гашт ва соҳиби нишони нуқра гардид.

Мадина Қурбонзода дар сабқати занон дар вазни то 52 кило барои медали биринҷӣ бар Шук Ки Тсул аз Ҳонконг пирӯз шуд. Ин беҳтарин натиҷа миёни бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад.

Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Абдуллои Ориф дар вазни то 73 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кило, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ҷойҳои панҷум, Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Вале Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило ва Александра Кан дар вазни то 57 кило дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гаштанд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Чин 197 варзишгар (108 мард ва 89 зан) аз 19 кишвари қора иштирок карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохил буд.

Пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Муғулистон бо се медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ мақоми аввалро касб намуд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки аввалин бор дар таърихи ширкати худ дар қаҳрамонии Осиё ду медали тило, ду нуқра ва як биринҷӣ гирифт, ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Мунтахаби Чин бо ду медали тило, як нуқра ва шаш биринҷӣ дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) гирифтанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни - 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.





Загрузка...

Читайте на сайте

Другие проекты от 123ru.net








































Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net