Ҳушдори ҳавошиносон аз чангу ғубор дар Тоҷикистон
Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки аз 21 то 24-уми ноябр ҳавои Тоҷикистон ғуборолуд хоҳад шуд. Ба иттилои ин ниҳод, дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд.
Ҳавошиносон сабаби хокборишу олудшавии ҳаворо тағйирёбии иқлим ва "паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсоя" гуфтааст, ки "боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад".
Оҷонсии ҳавошиносӣ тавсия додааст, ки кӯдакон, наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас ва шахсони масунияташон паст бе зарурат аз хона набароянд. Ба дигар сокинон машварат додаанд, ки дар рӯзҳои хокбориш аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.
Солҳои охир ҳавои гарм ва хокбориши пайдарҳам дар Тоҷикистон сабаби афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас шудааст. Мардум аз хокбориши пайваста ва ҳавои пурчангу ғубор шикоят мекунанд.
Бори ахир моҳи сентябри имсол дар кишвар хокбориш сабт шуда буд. Тоҷикистон дар қатори чаҳор кишвари ҳавояшон бисёр олуда ё нопок дар ҷаҳон қарор гирифтааст.